11 Январ 2024 - 16:59
Устоди эронӣ; мухтареъи бартари соли 2023

Устоди Донишгоҳи санъатии Шариф муваффақ ба касби ҷоизаи мухтареъи бартар (best patent award 2023)-и Кумитаи доими ҳамкориҳои илмӣ ва фановарии Созмони конфронси исломӣ (comstech) шуд.

Ба гузориши ИРНА, тибқи эъломи ин кумита ҷоизаи мухтареъи бартар (best patent award) дар соли 2023 муштаракан ба доктор Самия Кӯҳӣ ва донишманде аз кишвари Марокаш тааллуқ гирифт.

 Кумитаи доими ҳамкориҳои илмӣ ва фановарии Созмони конфронси исломӣ (comstech), яке аз роҳҳои рушд ва тавсеаи фановарӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақаии кишварҳо бо якдигар аст.

 Ҷоизаҳои ин кумита ҳарсола дар чаҳор бахш; беҳтарин ҳаққи инҳисори сабтшуда дар панҷ соли ахир, ки мӯҷиби тавсеаи системҳои тиҷорӣ ё дорои таъсири мондагор дар пешбурди як назария бошад, беҳтарин мақолаи пажӯҳишӣ, муҳаққиқи ҷавони зери чиҳил сол ва беҳтарин китоби илмии чопшуда тавассути як ношири байналмиллалӣ ба муҳаққиқони мусулмони саросар ҷаҳон супурда мешавад.

342/