Ба гузориши Ирно, торнамои воллои режими саҳюнистӣ гузориш дод, артиш тасмим гирифта аст типҳои эҳтиёти 551 ва 14 ва се типи омӯзиширо аз Ғазза хориҷ кунад .
Бар асоси ин гузориш ، ин тасмим бинобар арзёбии шароиту таҳаввулоти набард дар Ғазза гирифта шудааст ва интизор меравад ҳафтаи оянда низ нерӯҳои дигаре аз Ғазза хориҷ шаванд .
Ин дар ҳоле аст, ки пештар низ гардони 13 типи Гулани ба далели талафоту хисоратҳои сангин ва аз даст додани шуморе аз фармондеҳон майдонӣ худ хоки Ғаззаро тарк карда буд .
Манобеи хабарии фаластинӣ ва исроилӣ якшанбеи гузашта низ хабар доданд, ки артиши режими саҳюнистӣ аз шаҳр « Беит Ҳаноҳун » дар шимоли Навори Ғазза ақаб нишинӣ кардааст .
Рӯзномаи исроилӣ Ҳайюм ба нақл аз як масъули амниятӣ хабар дод ки иллати коҳиши доманаи ҳамалоти ҳавоӣ ба Ғазза ، фишорҳои Вашингтон нест ، балки « тарс аз осеб расидан ба сарбозон ва гаравгонҳо дар Навори Ғазза » омили ин масаъла ба шумор меравад.
Бархе коршиносони низомӣ пештар дар бораи бенатиҷа будани ҳамлаи низомӣ дар Ғазза ба Тел-Авив ҳушдор дода буданд.
342/