6 Декабр 2023 - 15:04
Судури ҳукми парвандаи мутолибаи хисорати моддӣ ва маънавии ношӣ аз шаҳодати генерал Сулаймонӣ

Шуъбаи 55 додгоҳи ҳуқуқии равобити байналмилалии додгустарии Теҳрон эълом кард, давлати Амрико ва 41 шахси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии дигар дар ин кишвар ба далели ҷиноёти суратгирифта дар ба шаҳодат расондани сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ба пардохти 49 миллиарду 770 миллион доллар маҳкум шуданд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи Неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 3-юми январи 2020 дар ҳоле ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, нойибраиси Басиҷи мардумии Ироқ  ва 8 нафар аз ҳамразмонаш ба шаҳодат расид.

Ба гузориши ИРНА, дар пайи додхоҳии 3318 нафар аз ҳамватанон аз саросари Эрон Додгоҳи расидагӣ ба парвандаи мутолибаи хисорати моддӣ, маънавӣ ва танбеҳии ношӣ аз шаҳодати сардори сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар шуъбаи 55 додгоҳи умумӣ ва ҳуқуқии Теҳрон, шуъбаи вижаи расидагикунанда ба даъвои байналмилалӣ мавриди расидагӣ қарор гирифт ва пас аз баргузории се ҷаласаи расидагии ошкор додгоҳ раъй ба маҳкумияти давлати Амрико дар он парванда содир кард.

Ин парванда шомили 114 банди парвандаи ҳуқуқии дарёфтшуда аз устонҳои мухталифи Эрон аст.

342/