Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Муҳаммад Шаёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ дар Теҳрон бо баёни инки барқарории оташбас ва кумакрасонӣ ба Ғазза бояд ҳарчӣ зудтар анҷом шавад, афзуд, муттаассифона кумакҳои таслеҳотӣ, иттилоотӣ ва молӣ аз сӯи Амрико ба режими саҳюнистӣ, ононро барои қатл, куштору иқдомоти бераҳмона нисбат ба мардуми Фаластин ташвиқ мекунад.
Раисӣ бо баёни инки иддаои Амрико барои кумак ба барқарории оташбас дар Борикаи Ғазза дурӯғ аст, тасреҳ кард, Амрико қатъномаи пешниҳодӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро вето мекунанд ва амалан аз режими саҳюнистӣ барои куштори мардуми Фаластин ҳимоят мекунад.
Муҳаммад Шаёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ субҳи имрӯз дар садри ҳайати олирутба барои дидор бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Теҳрон шуд ва дар замони вуруд дар фурудгоҳи Меҳробод, мавриди истиқболи Ҷаводи Авҷӣ, вазири нафти Эрон қарор гирифт.
342/