31 Октябр 2023 - 15:33
Тафсир - Ташдиди таниш миёни Русия ва режими саҳюнистӣ

Дар пайи сафари намояндагони Ҷумбиши фаластинӣ (Ҳамос) ба Маскав, таниш миёни Исроилу Русия афзоиш ёфтааст. Дар ин росто, вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ, Анатолий Викторов, сафири Русия дар сарзаминҳои ишғолиро дар эътироз ба сафари ҳайате аз Ҳамос ба Маскав, эҳзор кард.

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, ҳайате аз Ҷумбиши Ҳамос ба раёсати Мӯсо Абӯ Марзуқ, узви дафтари сиёсии ин ҷумбиш бо тане чанд аз мақомоти сиёсии Русия дидору гуфтугу кард. Вазорати умури хориҷаи Русия дар ин замина эълом кард, ки дар дидор бо ҳайати Ҳамос дар бораи озодии гаравгонҳо ва тахлияи шаҳрвандони русӣ аз Навори Ғазза баҳсу табодули назар шуд.

Ҷумбиши Ҳамос низ аз мавзеи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар мавриди даргирӣ миёни фаластиниҳо ва Исроилу талошҳои дипломатии Маскав барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза қадрдонӣ кард.

Равобити режими саҳюнистӣ ва Русия тайи солҳои гузашта мутаассир аз шароиту таҳаввулоти сиёсии минтақа, пуртаниш будааст. Ин танишҳо пас аз буҳрони Сурия ва вуруди Маскав ба ин буҳрон бо таъкид бар лузуми ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти Русия бо фарозу нашебҳое рӯбарӯ будааст. Аммо тайи як соли гузашта бо ҷанги Украина, танишҳо миёни Русия ва режими саҳюнистӣ рӯ ба афзоиш гузоштааст. Ҳамроҳии режими саҳюнистӣ бо Украина дар канори кишварҳои ғарбӣ бавижа ҳамгомӣ бо сиёсатҳои Вашингтон дар қиболи Киев, таниш миёни Маскаву Тел Авивро афзоиш додааст.