31 Июл 2023 - 16:55
Маҳкумияти ҳузури амрикоиҳо дар Сурия аз суи ашоир ва нухбагони устони Ҳалаб

Ашоир ва нухбагони милли дар устони Ҳалаби Сурия ишғолгарии амрикоиҳо ва иқдомоти неруҳои террористии таҳти амри онҳо дар хоки Сурияро маҳкум карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Соно ашоир ва нухбагони милли дар устони Ҳалаб дар нишасти мухолифати худро бо ишғоли ғайриқонунии хоки Сурия тавассути неруҳои Амрико ва Туркия ва ҳам чунин иқдомоти дастнишондаҳои таҳти фармони онҳо аз гуруҳҳои террористии мусалаҳ бо номҳои мухталиф ва шибҳинизомиёни ҷудоиталаби қасадро эълом карданд.

Дар ин баёния бар зарурияти талош барои фаъолсозии муқовимати марудми ва берун рондани ишғолгарони амрикоӣ ва террористҳо аз ватан ва талош барои озодсозии манотиқи шимоли Сурия зери сояи парчами ҷумҳурии арабии Сурия ба раҳбарии Башор Асад раиси ҷумҳурии ин кишвар таъкид шуд.

342/