Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон дар дидори Ҳиҷоби Карлонгич, сафири Туркия дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки иҳонат ба Қуръони Карим - иҳонат ба ҳамаи адёни илоҳӣ аст, изҳор дошт: Эрону Туркия ду боли муҳими ҷаҳони Ислом ва минтақа ҳастанд, аммо Ғарбу Амрико ба ҳар далеле намехоҳанд дунёи Ислом рушд кунад. Ҳиҷоби Карлонгич, сафири Туркия дар Эрон ҳам дар ин дидор бо баёни ин ки равобити ду кишвар бо тавваҷуҳ ба иштирокоти таърихӣ, фарҳангӣ ва одобу русум дерина ва дӯстона аст, гуфт: Туркия бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаҳои гуногуне ҳамкорӣ дорад, ки бояд густариш ёбад.
342/