Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳмуд Ҷабборванд рӯзи сешанбе дар ҳошияи баргузории сидуюмин ҳамоиши солиёнаи чашмпизишкии Эрон афзуд : Дастовардҳои хубе аз лиҳози таҷҳизоту имконоти анҷоми ҷарроҳии чашм дар Эрон дорем ва бо вуҷуди пизишкони муҷарраб дар ин ришта ҳеҷ беморӣ барои дармон ба хориҷ эъзом намешавад ва ҳатто беморони зиёде ба хусус аз Ироқ пазириш дорем.
Вай изҳор дошт : Акнун аз системаҳои ҳушманд дар дармони чашмпизишкӣ низ истифода мекунем ва мушкиле аз лиҳози камбуди чашмпизишк надорем ва дар шаҳрҳои мухталиф мардум ба хадамоти чашмпизишкӣ дастрасӣ доранд.
342/