Эрону Арабистон пас аз ду соли музокира ва гуфтугу бо мизбонии Ироқу Аммон, даҳуми марти 2023 ва пас аз мулоқот ва гуфтугӯи чандрӯзаи масъӯлони ниҳодҳои амнияти миллии ду кишвар дар Пекин бо интишори баёнияе аз тавофуқи Теҳрону Риёз барои оддисозии равобити худ хабар доданд.
Ду кишвар аз соли 2016 равобити диплумотикашонро қатъ карда буданд.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо Файсал бин Фарҳон-вазири умури хориҷаи Арабистон зимни ибрози хурсандӣ аз раванди тавофуқи ду кишвар аз ҷумла нишасти вазирони умури хориҷаи ду кишвар ва эъломи азсаргирии равобит, эъзоми тимҳои фаннии бозгушоии сафоратхонаҳову сарконсулгариҳои ду кишвар ва ҳамчунин иқдом ба муаррифии сафир гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон тамҳидоти лозимро барои ифтитоҳи расмии намояндагии сиёсӣ ва консулии худ дар Арабистони саъудӣ дар назар гирифтааст .
Амирабдуллоҳиён барномаи дидори мақомоту вазирони умури хориҷаи ду кишвар аз пойтахтҳои якдигарро нишон аз азми тарафайн барои ҳамкорӣ ва тарсими равобит муносиб донист .
Вазири умӯри хориҷаи Арабистон низ бо таъкид бар дидгоҳи мусбати Риёз ба ояндаи муносибот бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва талош барои тавсеаву таҳкими равобити дуҷониба ибрози умедворӣ кард бо истиқрори сафирони Арабистону Эрон дар пойтахтҳои ду кишвар, роҳҳои ҳамкорӣ ҳамвор шавад .
342/