27 Март 2023 - 12:08
Имзои қарордоди донишгоҳи улумпизишкии Машҳад бо Ироқ, Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳавзаи гардишгарии саломат

Муовини дармони Донишгоҳи улумпизишкии Машҳад аз бастани қарордоди Донишгоҳи улӯмпизишкии Машҳад бо Ироқ, Тоҷикистону Туркманистон дар ҳавзаи гардишгарии саломат хабар дод.

Шопӯри Бадеъӣ изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир бо талоши шабонарӯзии аъзои ҳайати илмӣ ва пизишкони мутахассиси гуруҳи гӯшу ҳалқу бинӣ ва маркази кошти ҳалазуни ин донишгоҳ, ин устон дар заминаи кошти ҳалазуни пешрав буда ва ҷузви се донишгоҳи бартари кишвар қарор дорад.

Вай бо баёни инки бо таваҷҷуҳ ба инки ташхиси ношунавоӣ, ки бо протез қобили дармон аст як давраи тиллоӣ дорад афзуд, ташхис то қабл аз сини 6 моҳагӣ беҳтарин замон барои дармони мушкилоти шунавоӣ буда ва то 2 солагӣ бояд мудохилаи дармонӣ сӯрат бигирад.

Шопӯри Бадеъӣ бо ишора ба инки ҳар протез байни 8 то 10 ҳазор доллар барои давлат ҳазина дорад тасреҳ кард, пиёдасозии дастуруламали кишварии вазорати беҳдошт мабнӣ бар тасҳил ва тасреъ дар кошти ҳалазуни шунавоии кӯдакон, аз ҷумлаи барномаҳои муовинати дармонӣ ин донишгоҳ аст, ки беморон ба сӯрати ройгон дар бахши давлатӣ аз он баҳраманд мешаванд.

Вай роҳандозии маркази дармони сатҳи дуи нобораврӣ дар шаҳристони Кошмар ва баҳрабардорӣ ар маркази сатҳи сеи ноборварии Милод дар бемористони имом Ризо (а), ақди қарордод бо кишварҳои Ироқ, Тоҷикистон, Туркманистон ва минтақаи Ховари Миёна дар ҳавзаи гардишгарии саломату ироаи хизмат ба беморони кишварҳои дигарро аз дигар иқдомоти ин муовинат дар ростои тавсеаи хизматрасонӣ ба зоирону муҷовирони ҳазрати Ризо (а) баршумурд.

342/