17 Феврал 2023 - 20:40
Тафсир - Интиқоди Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз таъсири таҳримҳои Амрико бар беморони эронӣ

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияе эълом кард, ки таҳримҳои Амрико алайҳи миллати Эрон ва эъмоли он алайҳи кишварҳои солис, бо қавонини байналмилалӣ муғойрат дорад.

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба ёфтаҳои ду тан аз гузоришгарони вижаи ин ниҳод дар бораи эрониҳои мубтало ба талассемия, дар баёнияе таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳронро муғойир бо муқаррароти байналмилалӣ эълом кард.

Alena Douhan ва Obiora Okafor дар ин баёния навиштанд: Машруияти таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон таҳти қавонини байналмилалӣ ва машруияти эъмоли фаромарзии ин таҳримҳо шубҳабарангез аст. Ширкатҳои хориҷ аз Амрико барои иҷтиноб аз мувоҷиҳа бо табаоти ҳуқуқӣ ё тиҷорӣ, худро мулзам ба табаъият аз ин таҳримҳо медонанд.

Ин ду гузоришгар чигунагии таъсири таҳримҳои якҷонибаи Вашингтон алайҳи Теҳрон пас аз хурӯҷи яктарафаи Амрико аз тавофуқи ҳастаии соли 2015 бо Эронро бар эрониёни мубтало ба талассемӣ баррасӣ кардаанд. Alena Douhan ва Obiora Okafor мегӯянд, илова бар инки Вашингтон ҷурмҳои сангинеро алайҳи ширкатҳои фурӯшандаи дору ба Эрон эъмол мекунад, «дар муқаррароти таҳримҳои ин кишвар низ муофиятҳои башардӯстона барои колоҳои пизишкӣ, печида ва мубҳам аст.» Ба гуфтаи онҳо, «ҳатто замоне, ки иҷозаи таҳвили дору содир мешавад, тавлидкунандагон, ирсолкунандагон, бимакунандаҳо ё бонкҳо ба далели ҳарос аз таҳримҳои хасмона ва муҷозотҳои Амрико, нисбат ба доду ситад бо Эрон икроҳ доранд ва ин мавзӯ ба тарс, дард ва марги зудраси мубталоён ба талассемӣ мунҷар мешавад».

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри таъсироти манфии иқдомоти якҷониба дар соли 2022 низ дар мусоҳибае иддаои давлати Амрико мабнӣ бар инки маводи ғизоӣ ва доруӣ аз шумӯли таҳримҳои Эрон муъоф ҳастандро рад карда ва изҳор дошта буд, ки ин таҳримҳо бар таъмини дору асаргузор аст. Douhan аз 7 то 18 майи 2022 барои арзёбии таҳримҳои якҷонибаи зиддиэронии Амрико ба Эрон сафар кард. Ӯ нахустин гузоришгаре буд, ки баъд аз 17 сол ба Эрон сафар кард ва арзёбии худро нисбат ба таъсироти таҳримҳои золимонаи Ғарб бар зиндагии мардуми Эрон дар ихтиёри мақомоти Созмони Милали Муттаҳид қарор дод.

Дар айни ҳол Иёлоти муттаҳида ҳамвора аз посух ба дархости ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид барои лағви таҳримҳо алайҳи Эрон худдорӣ кардааст. Нуктаи муҳим инки қурбониёни аслии таҳримҳои зиддибашарии Амрико алайҳи Эронро бавижа беморони хос монанди мубталоён ба талласемӣ, бемории парвонаӣ ташкил медиҳанд ва ин амр нишондиҳандаи мизони хусӯмати Вашингтон бо мардуми Эрон аст. Созмони Милали Муттаҳид борҳо ба интиқод аз эъмоли таҳримҳои якҷониба тавассути Амрико алайҳи Эрон бавижа дар давраи ҳамагирии Ковид 19 пардохта ва хоҳони лағв ва ё коҳиши онҳо ба манзури тасҳили дастрасии Эрон мавриди таҳрим ба ақломи асосӣ, пизишкӣ ва доруӣ шудааст.

Alena Douhan мегуяд, таҳримҳои якҷониба мӯҷиби тазъифи иқтидори Созмони Милали Муттаҳид  тарс дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳокимияти қонӯн мешавад.

Асосан рӯйкарди Амрико бар хилофи иддаоҳои ҳуқуқи башариаш, истифода аз тамоми абзорҳои фишор алайҳи Эрон, аз ҷумла таҳримҳои густардаи якҷониба ва тадовуми онҳо аст. Ҳарчанд, ки эъмоли ин рӯйкард на фақат мӯҷиби таслими Эрон нашуда, балки Теҳрон ҳамчунон бар мавозеъи зиддиистикбории худ ва мухолифат бо султагарии Амрико дар чорчӯби сиёсати муқовимати ҳаддиаксарӣ идома медиҳад.

342/