Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот кард.
Дар ин дидор, заминаҳои ҳамкориҳо дар абъоди мухталифи равобити ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии исломии Эрону Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва бар тавсеаи ҳамкориҳо ва муносиботи ду кишвар таъкид шуд.
Ҳамчин дар ин дидор дар хусӯси охирин вазъияти таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳсу табодули назар сурат гирифт.
342/