13 Январ 2023 - 20:28
Узбакистон қавитарин ва Тоҷикистон заифтарин артиши Осиёи Марказӣ дар рутбабандии артишҳои ҷаҳон

Бар асоси гузориши маркази «Global Firepower Index» дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон қавитарин ва Тоҷикистон заифтарин артиш дар ин минтақаро доранд.

Ба гузориши “Форс”, қобилиятҳои мухталифи артишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рутбабандии «Global Firepower Index» арзёбӣ ва эълом шуд.

Дар ин рутбабандӣ, ки тавассути коршиносони «Global Firepower Index» анҷом гирифта, тавонмандии артишҳои 145 кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин шохис бар асоси 55 меъёр танзим шудааст, ки теъдоди неруҳои мусаллаҳ, сатҳи таҷҳизоти фаннӣ, буҷет, истифода аз фанновариҳои модерну қобилиятҳои лаҷистикиро дар назар мегирад.

Дар рутбаи аввали радабандии соли 2023, артиши Амрико ва пас аз он Русия ва Чин қарор доранд. Се ҷойгоҳи охири ин рутбаро Молдова, Бенин ва Бутан ишғол кардаанд.

Қудратмандтарин артиши Осиёи Марказӣ бар асоси рутбабандӣ, Узбакистон аст, ки дар рутбаи 62 ҷаҳон қарор дорад. Дар айни ҳол, Узбакистон дар як соли гузашта беш аз 10 мавқеиятро аз даст додааст. Пас аз он Қазоқистон (мақоми 63), Туркманистон (82) қарор доранд.

Дар радабандии соли 2023 Қирғизистон дар ҷойгоҳи 107 қарор гирифт. Агарчӣ дар рутбабандии соли гузашта ин кишвар дар байни 140 кишвар рутбаи 93-ро ба худ ихтисос дода буд. Ба гуфта муҳаққиқон, ҳазинаҳои низомии ин кишвар дар соли гузашта беш аз 116 миллион доллар будааст.

Заифтарин артиши Осиёи Марказӣ мутааллиқ ба Тоҷикистон аст. Ин кишвар дар ҷойгоҳи 120 қарор гирифт, дар айни ҳол буҷети дифоии он 90 миллион доллар аст.

Арманистон дар ин рутбабандӣ дар ҷойгоҳи 94 ва Беларус дар ҷойгоҳи 60 қарор дорад.

342/