Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар иҷтимои бошукӯҳи мардуми бандари Ҷоск изҳор кард, савоҳили Макрон метавонад ба як нуқтае бирасад, ки битавонад маркази иқтисодӣ, тиҷорӣ, доду ситад ва равнақи тавлид барои Эрон шавад.
Раисӣ афзуд, истеъдоди зиёде дар савоҳили Макрон вуҷӯд дорад, ки метавонад ин савоҳилро ба нуқтаи бисёр муҳиму роҳбурдии иқтисодӣ ва тиҷорӣ, гардишгарӣ ва тавлид дар Эрон қарор диҳад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (якшанбе) дар замони вуруд ба Ҳурмузгон, зимни боздиди ҳавоӣ аз минтақаи Ҷосак, манотиқи мухталифи ҳавзаи роҳбурдии савоҳили Макронро мавриди баррасӣ қарорад дод.
Макрон, савоҳили ҷануби шарқии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз минтақаи Ҷоск то нуқтаи сифри марзиро шомил мешавад.
342/