Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муъизиддин Аҳмадӣ-раиси иттилооту фарҳанги вилояти Бадахшон аз оғози амалиёти густарда дар манотиқи мухталифи ин вилоят хабар дод ва гуфт : Дар ин маъмурияти неруҳои амниятӣ даҳҳо тан аз фармондеҳон ва неруҳои мухолиф кушта ё дастгир шуданд .
Ба гуфтаи ин мақоми давлатии ҳукӯмати Толибон дар вилояти Бадахшон дар ин даргириҳо, муҳимтарин фармондеҳони мухолифон аз ҷумла қумандон Баҳриддин ва қумандон Абдулҳамид низ дар байни кушташудагон ҳастанд .
Масъӯли иттилооту фарҳанги Бадахшон мегуяд : Ҳамчунин дар ин амалиёт се тан аз неруҳои давлатӣ низ ҷони худро аз даст дода ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд .
Аҳмадӣ ёдовар шуд, ки амалиёти низомии шаби гузаштаи неруҳои Толибон мунҷар ба нобудии охирин махфигоҳҳои мухолифон дар вилояти Бадахшон шуд.