Ба гузориши Форс, Баълибек Толубоев, намояндаи Маҷлиси Қирғизистон унвон кард: Вақте мегӯям даргирӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон бар кулли минтақа таъсир хоҳад гузошт, яъне аз Дарёи Хазар то Муғулистон ва ҳатто Эронро ҳам таҳти таъсир қарор хоҳад дод.
Вай идома дод: Бинобар ин, субот дар минтақа аз Қирғизистону Тоҷикистон оғоз мешавад, агар ҷанг идома ёбад кишварҳои ҳамсоя низ дар оташи ин ҷанг хоҳанд сӯхт.
Намояндаи порлумони Қирғизистон бо ишора ба масъӯлияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қиболи даргирии марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон изҳор дошт: Ин кишварҳо фақат наметавонанд назорагари ҷанг бошанд, зеро ин ҷанг домани онҳоро ҳам фаро хоҳад гирифт.
Даргирҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳудӯди як соли гузашта шиддат гирифта, бо вуҷӯди тавофуқоти дуҷониба, аммо ҳар чанд гоҳе шуълаи даргирҳо дубора фаварон мегирад ва ҳар кадом аз кишварҳо тарафи муқобилро оғозгари ҷанг медонад, бо вуҷӯди таъкиди Русия ва кишварҳои минтақа ба ҳар ду тараф бар хештандорӣ, аммо даргирҳо пас аз як вақфаи кӯтоҳ оғоз мешавад.
342/