Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, Ҳозим Қосим-сухангӯи ҷумбиши Ҳамос дар суханоне тасреҳ кард:Сафари ҳайати баландпояи Ҳамос ба Сурия ҳамроҳ бо ҳайатҳои дигари гуруҳҳои фаластинӣ ва дидор бо Башор Асад дар ростои тақвияти равобит бо ин кишвар сурат гирифт.
Қосим афзуд:Ҷумбиши Ҳамос мусаммам аст равобитии қавӣ ва мустаҳкам бо кишварҳои перомуни Фаластини ишғолӣ ба манзури ҷалби ҳарчӣ бештари мавозиъи сиёсӣ дар ҳимоят аз муқовимату пружеи озодсозии Фаластин дошта бошад .
Сухангӯи ҷумбиши Ҳамос ҳамчунин изҳор дошт ; Дар дидори имрӯз, ки дар Димишқ баргузор шуд бар канор гузоштани ихтилофоти гузашта ва тақвияти равобити Ҳамос бо Сурия ба манзури хизмат ба миллату қазияи Фаластин таъкид шуд.
Ҳозим Қосим тасреҳ кард ; Дар ин дидор натоиҷи гуфтугӯҳои оштии миллӣ, ки дар рӯзҳои гузашта байни гуруҳҳои фаластинӣ дар Алҷазоир анҷом шуд ва ҳамчунин роҳҳои тақвияти ин гуфтугӯҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Гуфтанӣ аст ин аввалин сафари расмии як ҳайат аз Ҳамос ба Сурия аз соли 2012 то кунун аст .