18 Октябр 2022 - 16:46
Канъонӣ: Эрон ба зуди таҳримҳои мутақобил алайҳи ашхос ва наҳодҳои аврупоӣ эъмол хоҳад кард

Сухангӯи Вазоарти умури хориҷаи Эрон тасмими Шӯрои вузарои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар эъмоли таҳримҳои якҷониба алайҳи бархе масъулон ва нҳодҳои эрониро маҳкум кард ва гуфт: Ба зуди таҳримҳои мутақобил алайҳи ашхос ва ниҳодҳои зерррабти аврупоӣ эъмол хоҳад шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ,Носири  Канъонӣ душанбе шаб тасмими Шӯрои вузарои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар эъмоли таҳримҳои якҷониба алайҳи бархе масъулон ва ниҳодҳои эрониро  маҳкум кард ва онро ба манзалаи нақзи ҳуқуқи байналмиллалӣ ва мисдоқи боризи мудохила дар умури дохилии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон донист.

Канъонӣ афзӯд: Ҷои таасуфи амиқ дорад , ки ангезаҳои хоси сиёсӣ ва низ  истинод ва иттилоооти бе пояи таҳриф шуда ва иддаоҳои сохта ва пардохтаи маъодини миллати Эрон ва расонаҳои шинохта шудаи вобаста ба онҳо, мабнои чунин тасмими ғалат ва ғайри созандае қарор мегирад.

Вай тасмими таҳрими Иттиҳодияи Аврупоро ҳоки аз тадоввуми рӯйкарди муғризона ва истифодаи абзори аз ҳуқуқи башар барои аҳдофи сиёсӣ арзёбӣ кард ва чунин тасмимеро аз асоси мардуд ва фоқиди асар ва эътимод хонд.

Носири Канъони Таъкид кард: Миллати бузурги Эрон пеш аз ин, Иттиҳодияи Аврупо ва аъзои онро, ба далели беамалӣ ва ҳамроҳи бо таҳримҳои ғайри қонунии ҳадди аксарии Амрико, нақзи бузурги ҳуқуқи башар қаламдод мекунад.

Пеш аз ин Амир Абдуллоҳиён дар тамоси телефони бо  Ҷозеб Боррел гуфта буд: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз пуштивонаи қавии мардумӣ ва демократии коромад бархурдор аст. Инҷо сарзамини кудатои Махмалӣ ё Рангин нест балки лангаргоҳи субот ва амнияти пойдор и минтақа аст.

Вазири  умури хориҷа бо баёни ин, ки Эрон чорчӯби базургтаре барои ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷумҳӯрии Исломии Эрон нигоҳ мекунад, тавсиа карда буд, ки аврупоиҳо бо рӯйкарди воқеъ бинона ба мавзӯъ бингаранд.

Бурузи  иғтишошоти ахир дар Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ, бори дигар сабаб шуд то душманони хориҷии Чумҳӯрии  Исломии Эрон аз он фурсат барои мудохила дар умури дохилии Эрон ва низ таҳрики ҳарчӣ бештари ошубҳо истифода кунанд.

Дар иғтишошоти ахир саронии  сиёсии Амрико ва баъзан Аврупо расонаҳои онон ва низ расонаҳои форсии маъодани мавриди ҳимояти Ғарб, аз рухдоди ғамангези дар ҳоли барраси суистифода кардан ва бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи миллати Эрон, дар ҳимоят аз иғтишошгарон ва барҳамзанандагони амнияти миллат  санги тамоом гузоштанд, дар    ҳоли ин, ки миллионҳо  нафйар аз миллат дар хиёбонҳо  ва маёдини кишвар дар ҳимоят аз низом ва кишварашон ва мухолифати қотеъ бо ошуб ва иғтишош ҳузур ёфтаанд.