14 Октябр 2022 - 18:48
Солрӯзи вилодати Паёмбари гиромии Ислом (с) ва имом Ҷаъфари Содиқ (а) муборак бод

Имрӯз (ҷумъа) 17 рабеъ ул аввали соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 14 октябри 2022 , солрӯзи милоди хуҷастаи ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), Паёмбари гиромии Ислом ва солрӯзи мелоди пурбаракати ҳазрати имоми Ҷаъфари Содиқ (а), набераи гиромии Паёмбари Акрам (с) аст.

Мардуми манотиқи мухталифи Эрони исломӣ ҳам аз шиа ва суннӣ тайи рӯзҳои ахир бо озинбандии масоҷид, манозил, кӯчаҳо ва мағозаҳо бо парчаму чароғҳои рангоранг ва барпоии маросиму пахши ширинӣ, солрӯзи вилодати бо саодати охирин Паёмбари илоҳӣ ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ҷашн гирифтаанд.

Мушорикати мусулмонони шиа ва суннӣ дар Эрони исломӣ дар ҷашни милоди Паёмбари Акрам (с) , ҷилваҳои зебое аз ҳамдилӣ ва ҳамбастагии уммати исломиро ба намоиш гузоштааст.

Дар шабу рӯзи солрӯзи мелоди пурбаракати Паёмбари гиромии ислом (с) ва имом Ҷаъфари Содиқ (а), вижабарномаҳое монанди суханронӣ ва мадеҳасароии зокирони аҳли байти исмату таҳорат (а) дар амокини муқаддас, масоҷиду хиёбонҳо баргузор мешавад.

Аҳли суннат, давоздаҳуми моҳи рабеъ ул аввал ва шиаён ҳафдаҳуми ин моҳро солрӯзи вилодати Паёмбари гиромии Ислом (с) медонанд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳадафи ваҳдати ҷаҳони ислом, фосила байни ин ду таърих (12 то 17 рабеъ ул аввал)-ро «Ҳафтаи ваҳдат» номгузорӣ карданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи вилодати бо саодати охирин Паёмбари илоҳӣ ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегуяд.

342/