ABNA24 – Ҳудуди сад нафар аз донишҷӯён ва ҳамватанони сокини Украина аз тариқи Полша ва бо парвози ихтисосии ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон (чаҳоршанбе) вориди Фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) шуданд.
Ин мусофирон дар ҳангоми вуруд мавриди истиқболи Муҳаммад Муҳаммадибахш, муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва раиси Созмони ҳавопаймоии кишварӣ ва масъулони Фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) қарор гирифтанд.
Дар рӯзҳои ахир, Вазорати умури хориҷаи Эрон ва сафоратхонаҳои Эрон дар кишварҳои аврупоӣ талоши густардаеро барои бозгашти эрониёни муқими Украина ба кишвар анҷом доданд.
342/