24 Феврал 2022 - 11:08
Дидори Дабири кулли конфроси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин Маҷлиси Эрон бо Амир Абдулоҳиён

Дабири кулли конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластини Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидмуҷтабои Абтаҳӣ ва Амир Абдуллоҳиён дар ин дидор дар бораи таҳаввулоти саҳнаи Фаластин ва истифода аз зарфиятҳои байналмилалӣ барои таҳаққуқи ҳуқуқи машрӯъи миллати Фаластин баҳсу табодули назар карданд.

Сомӣ Абузаҳрӣ аз аъзои аршади Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" чанде пеш хотирнишон кард, он чи Ҷумҳурии Исломии Эронро аз дигар кишварҳо ҷудо мекунад, ҳимояти сареҳ ва рушани он аз ормони Фаластин аст.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши ҳамос ҳам бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз мардум ва гурӯҳҳои муқовимаи фаластинӣ ҳимоят карда аст изҳор дошт, Эрон дар тақвияти қудрате, ки имрӯз Ҳамос дорад, нақши асосӣ дошта аст.

342/