ABNA24 – Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи душанбе фармони ба расмияти шинохта шудани истиқлоли манотиқи Донбасс ва Луганск дар шарқи Украинаро содир кард.
Минтақаи Донбасс дар шарқи Украин аз манотиқи Донетск ва Луганск ва низ чанд минтақаи руснишини дигар ташкил шуда ва ин ду устон дар соли 2014 пас аз тағйири ҳукумат дар Украина ба таври якҷониба аз Киев эъломи истиқлол карданд.
Иқдоми Путин дар ба расмияти шинохта шудани истиқлоли манотиқи Донбасс ва Луганск, бо мухолифати шадиди Амрико ва дигар давлатҳои ғарбӣ ва муттаҳидони онҳо, ки қудрат гирифтани дубораи Русияро ба суди худ намебинанд, мувоҷеҳ шудааст.
Ба гузориши шабакаи телевизионии ТРТ-и Туркия, дар идомаи баёнияи вазорати хориҷаи ин кишвар, бар пойбандии Анкара бар ҳифзи иттиҳоди сиёсӣ ва тамомияти арзии Украина таъкид шуда ва тарафҳои даргирро ба хештандорӣ ва риояти қавонини байналмилалӣ фарохонда аст.
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Туркия ҳамчунин ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия шудааст, ки хоки Украинаро тарк кунанд.
342/