ABNA24 – Оятуллоҳ Козимии Сиддиқӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар хутбаҳои ин ҳафта гуфт, шаҳид Қосими Сулаймонӣ, мудофеони ҳарамро дар Яман, Лубнон, Афғонистон, Покистон, Ироқ ва Эрон ва озодагони ҷаҳонро дар дифоъ аз ҳарам ба шакли занҷир дароварду роҳи ҷадиде пеши пойи муқовимат гузошт.
Сиддиқӣ афзуд, бо вуҷуди фикри Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико, қотили ҷинояткори хабису хабисоне, ки бо фармони ӯ ин ҷиноятро муртакиб шуданд ва фикр карданд бо рафтани шаҳид Сулаймонӣ ҷиҳод тазъиф мешавад, амрикоиҳо рӯзе ором дар ин минтақа нахоҳанд дошт.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин гуфт, амрикоиҳо шармандавор Афғонистонро баъд аз шаҳодати Сулаймонӣ тарк карданд.
Оятуллоҳ Сиддиқӣ афзуд, душмани ба зоҳир қавӣ аз назари силоҳӣ шикастхӯрда, аз назари сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва байналмилалӣ, ки ҳеҷ обрӯе барои ӯ намонда, ин зарбаи муҳкамро таҷриба кард ва ҳеҷ ғалате натавонист бикунад.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба айёми фотимия ва мақомоти ҳазрати Заҳро (с) гуфт, ҳазрати Заҳро (с) ҷомеи асмоулҳуснои Худо ва оинаи ҷамолу ҷалоли Худост.
342/