ABNA24 – Си Ҷин Пин дар оғози ин дидор гуфт, ҳар ду тараф бояд сатҳи иртибототу ҳамкориҳои худро барои ҳалли чолишҳои пеши рӯ тақвият кунанд.
Байден низ таъкид кард, ки ду кишвар бояд итминон ҳосил кунанд равобити онҳо дар ниҳоят ба даргирӣ ва чолишҳои ҷиддӣ мубаддил нашавад.
- Идомаи таниш байни Амрико ва Чин бар сари маншаи вируси корона
Бо вуҷуди таблиғоту гумоназаниҳои бисёр қабл аз баргузории ин нишасти маҷозӣ, аммо дар амал ин дидор ҳеҷ дастоварди малмусе дар ростои ҳалу фасли ихтилофоти густардаи ин ду кишвар, ки аввалин ва дуюмин иқтисодҳои ҷаҳон маҳсӯб мешаванд, ба ҳамроҳ надоштааст. Дар воқеъ дидори Байден Си Ҷин Пин бештар ба таҷдиди хотираҳо ва ибрози нигарониҳо ва додани бархе ваъдаҳо гузашт. Дар ҳоле, ки ҳеҷ тавофуқе ҳатто дар бораи яке аз даҳҳо ихтилофи Вашингтону Пекин дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, амниятӣ ва сайберӣ сӯрат нагирифт.
Дар санади «роҳнамои муваққати роҳбурди амнияти миллӣ» давлати ҷадиди Амрико, ки дар авохири январи 2021 мунташир шуд, муҳимтарин таҳдидот алайҳи Амрико аз сӯи ду қудрати байналмилалии шарқӣ ва авруосиёӣ, яъне Чину Русия дониста шудааст. Бо ин ҳоли бештар баназар мерасад, аз дидгоҳи давлати Байден, таҳдиди аслӣ ва ҷиддӣ Чин аст. Бо вуруди Байден ба Кохи Сафед, танишҳои Иёлоти муттаҳида ва Чин на танҳо фурӯкаш накарда, балкӣ ҷанги сард миёни ду кишвар нигаронӣ дар бораи бурузи даргирии ин ду қудрати ҷаҳониро афзоиш додааст. Нигаронии воқеии Вашингтон ҷудоӣ аз иттиҳомоти такрории он алайҳи Пекин, зуҳӯри Чин ба унвони қудрати аввали иқтисодии ҷаҳон то чанд соли оянда ва низ афзоиши рӯзафзӯни қудрати низомии он аст, ки муъодилоти амниятии кунӯнӣ ва мавқеъияти суннатии Амрико дар минтақаи “Indo-Pacific”-ро ба чолиш кашидааст. Лизо Амрико ба дунболи тазъифи Чин баҳар қиммат аст.
Дар бурҳаи кунӯнӣ, Амрико ва Чин бавижа бар сари масоиле монанди маншаи вируси корона, қавонину муқаррароти тиҷорати байналмилал, иддаои густариши таслеҳоти ҳастаӣ, тавассути Пекин ва афзоиши фишорҳои Пекин алайҳи Тайван, бо якдигар ихтилофи назар доранд.
- Ҳушдори дубораи Чин ба Амрико дар мавриди фурӯши таслеҳот ба Тайван
Бо вуҷуди иддаоҳои мақомоти давлати Байден дар бораи рақобати баробар бо Чину танишзудоӣ дар равобити дуҷониба, аммо ончӣ аз хилоли мавозеъ ва иқдомоти Амрико дар қиболи Чин аз замони рӯи кор омадани Байден метавон дарёфт; талоши Вашингтон барои тақобули ҳамаҷониба дар арсаҳои мухталиф бо Пекин ва муқобила бо иддаоҳои дарёии он аст.
Fyodor Lukyanov, коршиноси сиёсӣ мегӯяд: тақобули шадиди иқтисодӣ миёни Амрико ва Чин метавонад ба як даргирии низомӣ - сиёсӣ миёни Пекин ва Вашингтон табдил шавад.
Нуктаи ҷолиб инки Вашингтон ҳатто дар замоне, ки нишасти маҷозии дуҷониба байни сарони Амрико ва Чин баргузор мешавад низ иқдомоти хасмонаи худ алайҳи Пекинро мутаваққиф накардааст. Дар ин росто Chuck Schumer, раҳбари аксарияти демократи Сенати Амрико эълом кард, қонӯни тақвияти рақобат миёни Амрико ва Чинро ба тарҳи сиёсатҳои дифои Амрико изофа кардааст. Вай дар ин замина тасреҳ кард, ки буҳрони сиёсии Амрико бо Чин идома дорад.
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди иддаоҳои Амрико дар бораи ҳаллу фасли ихтилофот бо Чин, аммо Вашингтон дар амал корзори сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомиро алайҳи Пекин ба роҳандохта ва бо эътилофсозӣ дар минтақаи “Indo-Pacific” қасди маҳори Чинро дорад, рўикарде, ки бо вокуниши ҷиддии Чин мувоҷеҳ шудааст./
342/