ABNA24 : Ба гузориши шабакаи хабарии «Алъолам», диловармардони Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо иқдоми бамавқеъ ва муқтадирона дар обҳои дарёии Уммон, амалиёти нови амрикоӣ барои дуздии нафт аз як нафткашро ноком гузоштанд.
Нови амрикоӣ дар ин иқдом як нафткашро, ки ҳомили нафти содиротии Эрон буд, дар обҳои дарёии Уммон мусодира кард ва бо интиқоли маҳмулаи нафти он ба як нафткаши дигар, онро ба сӯи мақсаде номаълум ҳидоят кард. Ҳамзамон диловармардони Нерӯи дарёии сипоҳ бо иҷрои амалиёти Ҳилли Берн бар рӯйи аршаи нафткаш, онро ба тасарруфи худ дароварданд ва онро ба сӯи обҳои сарзаминии Эрон ҳидоят карданд.
Дар идома неруҳои амрикоӣ бо истифода аз чандин чархболу нови ҷангӣ ба таъқиби нафткаш пардохтанд, аммо бо вуруди қотеонаву муқтадиронаи неруҳои ҷонбаркафи сипоҳ ноком монданд.
Нерӯҳои амрикоӣ муҷаддадан бо истеъдоди бисёр ва бо истифода аз чанд нови ҷангии бештар талош карданд масири ҳаракати нафткашро сад кунанд, ки боз ҳам муваффақ нашуданд.
Ин нафткаш ҳамакнун дар обҳои сарзаминии Эрон аст.
342/