16 Октябр 2021 - 19:18
Ваъдаи нофарҷоми Толибон барои таъмини амнияти мардум ; ин бор инфиҷор дар масҷиди Қандаҳор

Дар ду инфиҷори рӯзи ҷумъа дар масҷиди Бибӣ Фотима-мавсӯм ба Имом Боргоҳи шаҳри Қандаҳор даҳҳо намозгузор шаҳид ва ҳудуди сад тан низ маҷрӯҳ шуданд. Ин дуюмин инфиҷор дар масҷиди шиъаёни Афғонистон дар як ҳафтаи гузашта аст .

ABNA24 : Дар инфиҷори ҷумъаи гузашта дар масҷиди шиъаён дар Қундуз низ садҳо тан кушта ва маҷрӯҳ шуданд . Инфиҷори рӯзи ҷумъа дар ҳоле аст, ки гуруҳи Толибон қудратро дар Афғонистон дар даст гирифта ва пас аз инфиҷори террористии Қундуз ваъда дода буд чунин ҷиноёте дигар такрор нахоҳад шуд ва ин гуруҳ қодир ба таъмини амнияти мардуми Афғонистони бахусӯс шиъаён аст . Гуруҳи Толибон бо ҳамалоте рӯбарӯ аст, ки дар замони ҳукумати қаблии Афғонистон худ муртакиби он мешуд ва акнун гуруҳҳои рақиби Толибон, ки бо номи гуруҳи террористии ДИИШ фаъолият мекунанд, зидди ин гуруҳу мардуми Афғонистон анҷом медиҳанд. Ин бадон маъно аст, ки гуруҳи Толибон ба шеваи анҷоми чунин ҳамалоте ошно аст ва метавонад ба роҳатӣ онҳоро контрол кунад . Аз ин рӯ такрори чунин ҳамалоти террористӣ дар масҷиди шиъаён тардидомез аст .

Франс Илёс-коршиноси масойили сиёсӣ дар Лубнон дар ин бора муътақид аст : Чашмандози равшане барои амнияти Афғонистон қобили тасаввур нест; ҳамон гуна, ки Амрико баъд аз ду даҳаи ҳузур дар Афғонистон шикаст хурд . Бинобар ин танҳо роҳи ҳалли буҳрони Афғонистон иттифоқи назари миллӣ аст .

Гуруҳҳои террористӣ рӯзи ҷумъа дар ҳоле тавони амниятии гуруҳи Толибонро ба чолиш кашидаанд, ки ин инфиҷор дар Қандаҳор сурат гирифт . Ин шаҳр пойгоҳи суннатии гуруҳи Толибон маҳсуб мешавад ва иқдоми террористҳо дар куштори шиъаён дар Қандаҳор на танҳо аз назари ҳайсиятӣ барои ин гуруҳ бисёр нигаронкунанда аст, балки террористҳо дар амал нишон додаанд, ки аз тавоноии ҳадаф қарор додани пойгоҳи Толибон бархурдоранд ва ин метавонад барои мардуми ин шаҳр низ нигаронкунанда бошад . Аз ин рӯ ин суоли муҳим матраҳ аст, ки гуруҳи Толибон дар хилоли як ҳафтаи гузашта яъне пас аз ҳамлаи террористӣ дар Қундуз чи иқдоми амниятии муносиберо барои таъмини амнияти мардуми Афғонистон анҷом додааст ?
Агар чи зоҳиран Толибон дар мавриди куштори шиъаёни мавзеи инфеъолӣ доштааст, аммо тардиде нест террористҳо аз равзанаҳои амниятӣ барои ба хатар андохтани ҷони ҳамаи мардуми Афғонистон истифода мекунанд.

Абдулбосит-пажӯҳишгари муассисаи мутолиъоти байналмиллалии r.etnam дар Сингапур бар ин бовар аст тадовуми ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳеҷ гуруҳе наметавонад ба танҳоӣ муддаии таъмини амният дар ин кишвар бошад ва ё иддаои инҳисори қудратро дар Афғонистон дошта бошад ва ба ҳамин далел Толибон дар шароити душвортаре қарор гирифтааст .

Дар ҳар ҳол маҳкум кардани ҷиноёти террористҳо аз сӯи Толибон такрори ҳамон ҳаводиси хунини замони раёсати ҷумҳурии Ашрафғанӣ аст, ки Толибон ва соири гуруҳҳои хушунатталаб муртакиб мешуданд ва мақомоти давлати собиқ онҳоро маҳкум мекарданд . Бинобарин то замоне, ки Толибон ба самти ташкили давлати фарогир ва истифода аз ҳамаи зарфиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар баданаи давлат ҳаракат накунад, ин эҳтимол ки бақоёи созмонҳои истихборотии давлати қаблӣ дар тадовуми куштори мардум даст дошта бошанд, дур аз зеҳн нест . Бо тавваҷуҳ ба инки куштори шиъаён зимни доман задан ба ҷанги мазҳабӣ дар Афғонистон бо ҳассосияти бештари минтақаӣ ва байналмиллалӣ дунбол мешавад, террористҳо ҷомеъаи шиъаёнро ҳадаф қарор медиҳанд; чаро ки тасаввур мекунанд гуруҳи Толибон низ дар мавриди сарнавишти онҳо чандон ҳассос нест .

342/