ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Савт-ул-Манома, мардуми Баҳрайн дар шаҳри Санобис шанбешаб бо баргузории тазоҳурот ва сар додани шиорҳое иқдоми режими оли Халифа дар имзои тавофуқномаи оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро маҳкум карданд .
Муътаризони баҳрайнӣ хостори озодии фаврии зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар шуда ва таъкид карданд зиндониёни сиёсӣ бояд бидуни қайду шарт озод шаванд .
Пештар ҷамъияти Алвифоқи Баҳрайн ба таъини сафири оли Халифа дар Тел-Авив вокуниш нишон дод. Шайх Ҳусайни Аддиҳӣ- муовини дабири кулли ҷамъияти Алвифоқи Баҳрайн таъкид кард: Холид Юсуф ал-Ҷалоҳима-сафири Баҳрайн дар Тел-Авив танҳо намояндаи худ ва касе аст, ки ӯро эъзом кардааст .
Муовини ҷамъияти Алвифоқ афзуд: Миллати Баҳрайн Ал-Ҷалоҳимаро ба расмият намешиносанд ҳамчинон ки режими ишғолгарро то нобудии комили ин режим ҳаргиз ба расмият нахоҳанд шинохт .
Аддиҳӣ тасреҳ кард: Баҳрайн ҳамчунон дар канори фаластиниён боқӣ хоҳад монд ва оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ низ хиёнат ва нанг аст .
Режими Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ дар таърихи 15 сентябри соли 2020 бо васотати Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри пешини Амрико ба таври расмӣ дар Кохи Сафед тавофуқи оддисозии равобит имзо карданд .
342/