ABNA24 :Ба гузориши сомонаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 74 мавриди бемори шиносоӣ шуда, теъдоди мубталоён ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон ба 15 ҳазору 293 нафар расид, ки аз ин теъдод 14 ҳазору 788 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Ҳамчунин тайи шабонарӯзи ахир 83 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.
Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ ҳам бидуни мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир ҳамон 121 нафари қаблӣ эълом шудааст.
342/