ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, "Алӣ ал-Диламӣ" рӯзи шанбе ба телевизиони Ал-Масира гуфтааст, ки Салиби Сурх бояд фавран пас аз ҷинояти ахир алайҳи зиндониён дар вилояти Бейза амал кунад, ки ин ҷиноят бори аввал нест.
Ал-Диламӣ тасреҳ кард, режимҳои Арабистон ва Имороти масъули омилони эъдоми асирони яманӣ дар устони Байза ҳастанд.
Ал-Диламӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои байналмилалӣ хост ба далели хатароте, ки асиронро таҳдид мекунад, фавран дар мавзӯи табодули усарои ворид амал шаванд.
Унсурҳои террористии ал-Қоида ва ДИИШ ахиран ду асир аз артиш ва комитетҳои мардумии Яманро дар набарди ал-Байза воқеъ дар маркази Яман сар буриданад, ки ҷасади ин ду нафар рӯзи шанбе пайдо шуд.
Ҳамчунин гурӯҳи ал-Қоида низ пештар бо судури баёнияе изъон карда буд, дар ҷанг дар ал-Байза воқеъ дар маркази Яман дар канори эътилофи саудӣ алайҳи нерӯҳои артиш ва комитетҳои мардумӣ ҷангидааст.
342/