ABNA24 : Ба гузориши маркази итилоърасонии Созмони Афви Байналмилал, ин ниҳоди байналмилалӣ дар ин тазоҳурот аз мақомҳои Фаронса хост, содироти таслеҳот ба Арабистон ва Иморотро, ки ноқизи ҳуқуқи башар дар Яман ҳастанд, мамнуъ кунанд.
Тазоҳуркунандагон бо дар даст доштани шиорҳое бо мазмуни “Дурӯягии Фаронса” ва “Яман наметавонад сабр кунад”, ҷойгоҳи иттихозшуда аз сӯйи Фаронса дар қиболи ҷанги эътилофи саудӣ зидди Яманро маҳкум карданд.
Сайти Созмони Афви Байналмилал эълом карда, ки тазоҳурот бо ҳадафи маҳкум кардани фурӯши ғайриқонунии таслеҳот аз сӯйи Фаронса қарор аст ҳар панҷшанбе дар соати 12 : 30 ба вақти маҳаллӣ дар майдони Ҷумҳурии Порис баргузор шавад.
Созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ то кунун борҳо аз Британия, Фаронса, Амрико, Олмон ва дигар кишварҳои ҳомии эътилофи мутаҷовизи саудӣ хостаанд, содироти таслеҳот ба Арабистон ва Иморотро мутаваққиф кунанд.
Эътилофи мутаҷовизи саудӣ аз силоҳҳои ғарбӣ барои куштори мардуми мазлуми Яман истифода мекунад.
Арабистон ҳамроҳ бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Кувайт, Судон ва Миср аз 25 марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар ба манзури бозгардонидани Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфӣ ва фирории Яман ба қудрат кард.
Ин таҷовузи низомӣ то кунун даҳҳо ҳазор куштаву захмӣ ва миллионҳо овора бар ҷой гузошта ва ба вайронии зерсохтҳо, қаҳтиву гуруснагӣ ва бемориҳои сироятӣ дар ин кишвари маҳрум мунҷар шудааст.
342/