27 Феврал 2021 - 20:45
Боздошти " бабри ДИИШ " дар ғарби Бағдод

Манобеи ироқӣ аз боздошти саркардаи ДИИШ, мавсӯм ба “бабри Бағдод” дар ғарби пойтахти ин кишвар хабар доданд .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ассумрия,созмони иттилооти Ироқ эълом кард масъӯли бомбагузории гурӯҳи террористии ДИИШ, маъруф ба Нимир Бағдод ( бабри Бағдод )-ро дар як амалиёти ғофилгирона дар минтақаи Абӯғурайб дар ғарби Бағдод дастгир кардааст .

 Дар ин баёнияи Созмони иттилооти Ироқ омадааст, ки ин террорист набераи  Аҳмад Абдулло Суед, яке аз саркардаҳои ДИИШ ва масъӯли бомбгузорӣ дар минтақае аст, ки ДИИШ онро " вилояти ҷанӯб " мехондаст .

 Панҷ рӯз қабл низ нерӯҳои артиши Ироқ волии худхонда ва муфтии гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Алтормия дар устони Салоҳуддинро боздошт карданд.

342/