ABNA24 : Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар иртиботи тасвирӣ бо шуморе аз мардуми Табрез афзуданд: Дар бораи БарҶом ҳарфҳову ваъдаҳое гуфта мешавад, вале мо ҳарфу ваъдаи хуб, ки нақз ва бар зидди он амал шавад, зиёд шунидем. Бинобарин ҳарфу ваъда фоида надорад ва ин бор фақат амал муҳим аст.
Ҳахзрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ҳаргиз набояд иллати аслии душмании истикбор бо инқилоб ва ҷумҳурии исломиро фаромӯш кард, афзуданд: Албатта, онҳо тавтеаҳову зиддиятҳояшонро ба баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла ҳуқуқи башар, муқаррароти исломӣ, ҳастаӣ, мушакӣ, минтақаӣ ва масоили дигар эъмол мекунанд, аммо бояд мутаваҷҷеҳ буд, ки ин масоил фақат баҳона аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тақвияти буняи низомиву дифоӣ ва табдил шудани Эрон ба як қудрати бузурги минтақаиро аз дастовардҳои инқилоб хонданду гуфтанд: Иллати аслии тавтеаҳои гуногуни Амрико ва режими саҳюнистиву бархе давлатҳои аврупоӣ ҳамин ҳаракати рӯ ба пеши инқилоб аст, ки иншоаллоҳ қудрати миллату масъулон ин тавтеаҳоро хунсо хоҳад кард.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бахши дигаре аз суханонашон бо ишора ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, интихоботро фурсате бисёр бузург барои кишвар донистанду гуфтанд: Албатта, мухолифони ҷумҳурии исломӣ намехоҳанд низом аз ин фурсат ва зарфияти муҳим барои пешрафти кишвар истифода кунад, аммо мушорикати пуршӯр ва инқилобии мардум дар интихобот, муҷиби амнияти кишвар ва пас задани душманону коҳиши тамаи онҳо мешавад, бинобарин набояд ин фурсатро аз даст дод.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳадафи душман аз баёни иддаоҳои такрорӣ дар бораи интихоботро дилсард кардани мардум донистанду гуфтанд: Бо вуҷуди ин иддаоҳо, интихобот барои кишвар як имкону захираи муҳим аст, ки бояд бо мушорикати пуршӯри мардум ҳамроҳ бошад, албатта агар мушорикати пуршӯр бо як интихоби дуруст, яъне интихоби як нерӯи коромад, боимон, боангеза, алоқаманд ва пуркор ҳамроҳ шавад, Нурун ъало нур ва тазминкунандаи ояндаи кишвар аст.
342/