18 Феврал 2021 - 13:17
Дидори дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидор кард .

ABNA24 : Ба гузориши Садои Хуросон, тарафҳо дар ин дидор дар мавриди вазоифи созмон ва бархе мавзӯъоти муҳими минтақаӣ ва байналмиллалӣ гуфтугӯ карданд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот бар аҳамияти тақвияти ҳамкории кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ барои муборизаи муассир бо ифротигарӣ, мубориза бо ҷароими интерентӣ ва дигар фаъолиятҳои ғайриқонӯнӣ дар фазои маҷозӣ таъкид кард .

  Дар ин ҷаласа ду тараф хостори тақвияти раванди иҷрои қатъномаи шӯрои Паймони амнияти ҷамъӣ барои коҳиши таниш дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон шуданд.

  Тавваҷуҳ ба вахимтар шудани авзоъ дар Афғонистон, таҳдиди фазояндаи тероризми ҷаҳонӣ,ифротгароӣ, шаклҳои мухталифи  радикализм ва ​ҷиноятҳои  созмонёфтаи фаромиллӣ аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир аз дигар мавзӯъоте буд, ки дар гуфтугӯи Раҳмон ва Станислав Зас  баррасӣ шуд .

342/