28 Январ 2021 - 15:23
Норизоятии Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти аксар аз вазоратҳо ва созмонҳои давлатӣ

Дар ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон раиси ҷумҳурӣ аз фаъолияти аксар аз вазоратҳо ва созмонҳои давлатӣ интиқод кард.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе 27 январ ҳукумати Тоҷикистон барои баррасии фаъолияти вазоратҳо, созмонҳо ва идороти давлатӣ дар соли 2020, пас аз шунидани гузориши  Қоҳир Расулзода нахуствазир  ва вазирону раисони комитетҳои давлатӣ аз фаъолияти бархе аз онон интиқод кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба баъзе аз муваффақиятҳо дар бахшҳои иқтисодӣ,  аз ҷумла афзоиши тавлиди нохолиси миллӣ ва иҷрои барномаи давлатӣ пардохти молиёт дар соли 2020 таъкид кардааст.

Бо ин ҳол вай аз вазирони саноат ва фанновариҳои навин, маорифу илм, адлия , кишоварзӣ, ҳамлу нақл, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, додситонии кулл , комитети давлатии мудирияти амволу сармоягузорӣ, Банки миллӣ, идораи авиатсияи шаҳрвандӣ, Ширкати давлатии барқи Тоҷикистон ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа интиқод кардааст.

Дар поёни ин нишаст ҳеч тағироти кадрӣ дар сохтори ҳукумати марказӣ ва идороту созмонҳо эълом нашуд.

342/