ABNA24 : Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 272 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ ва 807 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 218 ҳазору 753 нафар расидааст ва то кунун 978 ҳазору 714 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
- Корона ҷони 132 нафари дигарро дар Эрон гирифт
Бемории Ковид -19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 81 миллион нафарро дар дунё мубтало кардааст ва беш аз як миллиону 770 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.
342/