ABNA24 : Раиси Чумҳурии Исломии Эрон «Ҳасани Рӯҳонӣ» рӯзи панҷшанбе дар нишасти комитетҳои тахассусӣ ва қароргоҳи амалиётии ситоди миллии муқобила бо корона бо баёни ин, ки Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон феҳристи авлавиятбандии афродеро, ки бояд ваксина дарёфт кунанд, таҳия кардааст, афзуд: афроди солманд ва дорои бемориҳои заминаӣ ва касоне, ки дучори бемориҳои саъбулилоҷ ҳастанд ва ҳамчунин кадри беҳдошт ва дармон, ки мустақиман бо корона иртибот доранд дар авлавияти дарёфти ваксина ҳастанд.
Руҳонӣ тасреҳ кард: "Тақсими ваксина дар байни гурӯҳҳои дигар то ба охир расидани ваксина аз ҳама одамон идома хоҳад ёфт ва кафолат дода мешавад, ки бо бехатарии дастаҷамъона, ки аз ваксина бармеояд, занҷири интиқоли вирус қатъ карда мешавад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони афзуд: бо ҳамкории Вазорати роҳу шаҳрсозӣ ва ҳавопаймоии кишварӣ зерсохти лозим барои таъмини занҷираи сарди интиқоли ваксина ба Эрон фароҳам шудааст.
Руҳонӣ ҳамчунин гуфт: ҳимояти комил аз тавлиди ваксинаи дохилӣ аз авлавиятҳои аслии давлат хоҳад буд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: мардуми шарифи Эрон бе тардид асири фазосозии расонаҳои хориҷӣ нахоҳанд шуд; ҳамон расонаҳое, ки аз ибтидоии шуюъи бемории корона дар амалиётии равонӣ дар қолаби бузургнамоӣ ва барҷастасозии бархе омор аз ҷумла шумори мубталоён ва фавтиҳо, кушидаанд дастовардҳо ва барномаҳои кишварро дар ҳавзаи муқобила бо корона, ба ҳошия биронанд.
342/