14 Октябр 2020 - 13:01
Ошноии Эмомалӣ Раҳмон бо раванди сохти нерӯгоҳи Роғун

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан ба ин мақом дар сафар ба маҳалли сохти нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун бо раванди сохти обанбори ин нерӯгоҳ ошно шуд.

ABNA24: Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Ховар, мудирияти нерӯгоҳи  обӣ-барқии Роғун эълом карда аст, ки то ба ҳол барои сохти садди 335 метрии ин нерӯгоҳ 11 миллиону 800 ҳазор метри мукааб хок истифода шуда ва ба манзури такмили он бояд ин миқдор ба 79 миллиону 500 ҳазор метри мукааб расонда шавад.

 Тайи ҳар шабонарӯз барои сохти садди нерӯгоҳи Роғун 35 ҳазор метр мукааб хок рехта мешавад.

 Барои ҷилавгирӣ аз гузаштани об аз қабатҳои садди нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун аз маводи зиддиполоишии тавлиди кишварҳои аврупоӣ истифода шуда, ки дар Осиёи марказӣ назир надорад.

342/