14 Сентябр 2020 - 16:09
Номаи устодони донишгоҳҳои Эрон ба соҳибназарони Аврупо дар бораи иҳонат ба Паёмбари ислом (с)

Ҷамъе аз устодони донишгоҳҳои Эрон дар номае ба устодон ва соҳибназарони донишгоҳҳо дар Аврупо, иҳонати нашрияи фаронсавии Шарли Эбдо ба Паёмбари ислом (с)-ро намоиши терроризми фарҳанги унвон карданд.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , 700 нафар аз устодони донишгоҳҳои Эрон дар номае ба устодону соҳибназарони донишгоҳӣ дар Аврупо бо ибрози таассуф аз иҳонати нашрияи фаронсавии « Шарлии Эбдо» ба Паёмбари ислом ( с ) эълом карданд : қарнҳо пеш аз он  ки «озодӣ »,  « озодии андеша » ва « озодии баён » дар ҷавомеи ғарбӣ , арзишу эътибор ёбад , дини ислом ва шахси Расули Аъзам ( с ) аз ҷониби парвардгор  ривояте осмонӣ, инсонӣ аз озодӣ ироа кард ва ин гавҳарро ба армуғон овард .

Устодони донишгоҳҳои Эрон афзудаанд : бояд миёни « озодӣ », «гуфтугӯ », « табодули назар «наққодӣ » ва « андешаварзӣ » аз як сӯ ва « ҳатокӣ », «иҳонат », « тахриб », « тамасхур »ва «пардадарӣ » аз сӯи дигар , тафовут ниҳод ва ҳар он чӣ ки гуфта ё навишта мешавад , ба пои озодӣ нанавишт ва беш аз ин ба озодӣ , « зулм » раво надошт .
 Дар идомаи ин нома омадааст : ислом ва мусулмонон , сари « ситез », « ҷанг »ва « низоъ » бо мардумони ҷаҳон ва ғарб надоранд ва содиқонаю самимона муътақид ба « ҳамзистии мусолиматомезу инсонӣ » бо онҳо ҳастанд, аммо он чӣ,  ки дар миёни мардумони ғарбӣ аз ислом нишон дода мешавад , « бознамоӣҳои саҳюнистӣ ва голивудӣ аз ислом » аст, ки бо ҳақиқат , нисбати « воруна » дорад .
 Устодони донишгоҳҳои Эрон дар ин нома аз соҳибназарони аврупоӣ хостаанд дар маъракаи ин тероризми фарҳангӣ , зимни шикастани сукути худ ба саҳна биёянд ва «дурӯғ‌гӯӣ »,« ворунанамоӣ » ва « таҳрифгарӣ » ниҳодина шуда дар ғарбро, ки аз нақшаҳои ҷангафрӯзонаи саҳюнистҳо ва ҳамкорони ифротӣ ва ҷангталаби амрикоиашон аст нақш бар об кунанд .
 Нашрияи фаронсавии " Шарли Эбдо " Charlie Hebdo ахиран дар густохии ҷадиде карикатурҳои ҷанҷолии таҳқиромез дар бораи Паёмбари гиромии ислом ( с )-ро бознашр кард .

342/