8 Июн 2020 - 11:31
Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон؛ беҳбудии беш аз 136 ҳазор нафар

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва беҳбудии беш аз 136 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Киёнуш Ҷаҳонпур Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 43 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 713 мавриди бистарӣ ва бақия низ ба сурати сарпоӣ хидматрасонӣ шуданд. Ҷаҳонпур бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 173 ҳазору 832 нафар расидааст, афзуд: дар 24 соати гузашта, 70 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 8 ҳазору 351 нафар расид. Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ёдовар шуд: то кунун 136 ҳазору 360 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд. Бар асоси ин гузориш то кунун беш аз як миллиону 107 ҳазор озмоиши ташхиси Ковид-19 дар Эрон анҷом шудааст.

342/