13 Май 2020 - 12:56
Афзоиши чашмгири иқдомоти ишғолгарони амрикоӣ барои ғорати ҳар чи бештари нафти Сурия

Низомиёни террористи Амрико аз чанд рӯз пеш то кунун, ба шиддат дар ҳоли таҷҳиз ва сохти қароргоҳҳои низомӣ дар вилоятҳои Дируззур ва Ҳасака дар шарқ ва шимолу шарқи Сурия ҳастанд.

(ABNA24.com)Низомиёни ишғолгар ва террористи амрикоӣ, дар ҳоли собит кардани нуфузи худ дар шарқ ва шимолу шарқи Сурия ҳастанд, манотиқе, ки манобеи муҳим ва ҳаётии нафтии Сурия дар он воқеъ шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, маркази мавсум ба «Дидбони ҳуқуқи башари Сурия» -наздик ба террористҳо- гузориш дод, ки неруҳои амрикоӣ ҳамчунон ба сурати бевақфа (бидуни истироҳат) дар ҳоли тасбити дубораи нуфузи худ ба сурати комил дар минтақаи шарқи Фурот ҳастанд.

Ин марказ хабар дод, ки ба сурати доимӣ, таҷҳизоти низомӣ ва лаҷистикӣ вориди пойгоҳҳои Амрико дар ин минтақа мешавад ва ин пойгоҳҳо ҳамчунон дар ҳоли таҷҳиз ҳастанд.

Дидбон бо баёни ин ки амалиёти густариши пойгоҳи майдони нафтии Ал-Умар дар шарқи Дируззур ва таҷҳизи дигар пойгоҳҳо дар он, ҳамчунон идома дорад, таъкид кард: Нишастҳо ва дидорҳо ва боздидҳое (аз сӯи масъулони амрикоӣ) аз ин пойгоҳҳо ва қароргоҳҳо сурат мегирад.

Ба гузориши ин марказ, амалиёти густариши ин пойгоҳ аз замоне оғоз шуд, ки тайи рӯзҳои ахир, даҳҳо мошинҳои боркаш ҳомили таҷҳизоти низомӣ ва лаҷистикӣ ва силоҳ ва муҳиммот ба ҳамроҳи аносури террористи Амрико ва неруҳои ҳозир дар эътилофи байналмиллалии мавсум ба зидди ДОИШ, вориди ин минтақа шуданд.

Бино бар ин гузориш, афзун бар ин иқдомот, гаштиҳое низ ба сурати рӯзона дар ҳоли гаштзанӣ дар бузургроҳи байналмиллалии Ҳалаб-Ҳасака ҳастанд.