(ABNA24.com) Ба нақл аз сомонаи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, мақомоти ин вазоратхона эълом кардаанд, ки то шомгоҳи рӯзи дувуми май фавти ду нафар ва мубтало шудани 76 тан ба бемории COVID-19 дар ин кишвар қатъӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ин мақомот то нисфи рӯзи шанбе мубтало шудани 32 нафарро ба коронавирус таъид карда буданд.
Ҳамзамон бо вуруди ҳайати фиристодашудаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Душанбе барои баррасии вазъияти коронавирус дар ин кишвар мақомоти расмие, ки қаблан вуҷуди ҳар навъ мавриди мубтало шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин бемориро инкор мекарданд, аз мушоҳидаи нахустин мавриди ин беморӣ хабар доданд, ки дар оғоз 15 нафар ба рӯзи дувум ба 76 нафар расид.
Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон акнун дар бемористонҳои ин кишвар ду ҳазору 782 нафар таҳти дармон қарор гирифтаанд.
Бо ин ҳол дар бораи теъдоди ашхоси машкук ба коронавирус маҳалли дармони онон ва чигунагии мубтало шудани ин ашхос иттилое ироа нашудааст.
342/