28 Апрел 2020 - 12:19
Беҳбудии беш аз 72 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард то кунун 72 ҳазору 439 нафар аз мубталоён ба вируси корона беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуш Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон гуфт: дар 24 соати гузашта 1 ҳазору 112 бемори ҷадид шиносоӣ шуда ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисии то кунун 92 ҳазору 584 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 71 нафар дар 24 соати гузашта афзуд: мавориди фавти ноши аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 877 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол Насруллоҳ Фатҳиён мудири ҳамоҳангии ситоди милии корона дар Эрон бо ишора ба ин, ки беш аз 120 ҳазор кодри пизишкӣ шомили пизишк, парастор ва 150 ҳазор нерӯи беҳдоштӣ машғули хадамотрасонӣ ба беморони короноӣ ҳастанд гуфт: Эрон дар роҳи муқобила бо вируси корона то кунун 100 шаҳид тақдим кардааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ беш аз 3 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 211 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 925 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.