27 Апрел 2020 - 12:13
Истиқболи дабири кулли Созмони Миллал аз талошҳои ҷумҳурии исломӣ барои оташбас дар Яман

Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯйи телефонӣ бо Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, бо баён ин ки буҳрони Яман роҳи ҳалли низомӣ надорад ,гуфт: Барқарории оташбаси пойдор муқаддимае барои оғози раванди сиёсии ҳаллу фасли буҳрони Яман аст.

(ABNA24.com) Заруритарин  ниёзи  Яман  дар  шароити  феълӣ бозшудани марзҳо ва таваққуфи муҳосираи бандарҳо барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин зарурат, Эрон ҳамчун гузашта аз ҳар ибтикоре, ки таваққуфи ҷангу  рафъи муҳосираи Яманро ба ҳамроҳ  дошта  бошад истиқбол мекунад.

Панҷумин соли ҷанги эътилофи саудӣ зидди Яман 26 март 2020 поён ёфт ва то кунун беш аз 100 ҳазор нафар мустақим ва ғайримустақим дар асари ин ҷанг кушта шудаанд.

Вазъияти мардуми Яман ба хотири ин ҳамалот бисёр вахим шудааст.

Сулҳ танҳо замоне амалисозӣ ме‎шавад, ки ҳамалот мутаваққиф ва муҳосира қатъ шавад, аммо акнун фурсати воқеии сулҳ вуҷуд надорад, зеро ҳамалоти Арабистон идома дорад.  Таҷовузи низомии неруҳои хориҷӣ ва муҳосираи золимонаи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминии Яман дар панҷ соли гузашта роҳҳои кумакрасонӣ ба мардуми мазлуми ин кишварро масдуд намуда ва акнун густариши бемории корона дар набуди ҳадди ақал имконот ва вахомати вазъияти инсонӣ дар ин кишвар нигарониҳоро дубаробар кардааст.

Эътилофи саудӣ, аммо ба думболи поёни ҷанг нест.

Нозирон сиёсӣ бар ин боваранд, ки Арабистони саудӣ дар варои оташбас, аҳдофи  дигаре дорад ва шавоҳид ва нишонаҳо низ ҳокист, ки Риёз қасд дорад худро барои ҳамалоти дигаре омода кунад.

Муҳаммад  Абдуссалом, сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳ ва раиси ҳайати Санъо дар музокироти сулҳи Яман дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Ал-Масира бо баёни ин ки он чи мутаҷовизон дар бораи оташбас мегуянд, дурӯғ ва як намоиши таблиғотӣ аст, тасреҳ кард: Мо ниёз дорем, ки Шурои Амнияти Созмони Миллал ба ҷои баргузории ҷаласоти моҳиёна ва бесамар, тасмими қотеъе барои таваққуфи ҷанг ва қатъи муҳосираи Яман бигирад.

Вай бо ишора ба санади ироашудаи Санъо ба Созмони Миллал дар бораи поёни ҷанг ва қатъи муҳосираи Яман хотирнишон кард: Мартин Грифтис, намояндаи Созмони Миллал ду пешниҳод  дода, ки ҳеҷ кадом аз онҳо ба масоили аслӣ монанди қатъи муҳосира ва лузуми таваққуфи ҷанг қабл аз музокира, ишора нашудааст. Мо хостори пешниҳодоте ҳастем, ки дар он сароҳатан ба таваққуфи ҳамалот ва қатъи комили муҳосира ишора шуда бошад.

Акнун Яман дар натиҷаи ҷанге вайронгар дар маърази бузургтарин фоҷиаи инсонӣ қарор гирифтааст. Пешниҳоди дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид  бар асоси оташбас барои муқобила бо бемории корона дар  Яман ва пазириши он аз сӯи давлати наҷоти миллии Яман, дар воқеъ фурсате буд, ки Арабистон ва дигар мутаҷовизон ба ин кишвар зимни мутааҳҳид будан ба тавофуқи Стокголм, ҷиноятҳои худро дар Яман мутаваққиф ва ин ҷанги хонумонсӯзро мутаваққиф кунанд.

Чунон чи ин пешниҳод бо иқдомоти амалии эътилоф ва рафъи муҳосираи ин кишвар ҳамроҳ шавад метавонад иқдоми муҳиме барои пешгирӣ аз марги ҳазорон инсони бегуноҳ ва гоме асосӣ барои гушудани даричае барои барқарории сулҳу субот бошад.

Ҷанг дар Яман натиҷае ҷуз кушта шудани занон ва кӯдакон надошта ва Риёз ба ҳеҷ кадом аз аҳдофи худ нарсидааст ва пас аз ин ҳам нахоҳад расид.

Муҳаммадалӣ Миҳтад- таҳлилгари масоили байналмиллалӣ дар таҳлили рухдодҳои Яман мегуяд: Арабистон ва муттаҳидонаш ҷангро шуруъ карданд ва тасаввурашон ин буд, ки зарфи як ё ду моҳ мавзӯъ тамом мешавад ва миллати Яманро ба зону дармеоваранд аммо акнун бештар аз панҷ сол гузаштааст ва миллати Яман ҳамчунон ба муқовимати худ идома медиҳад. Дар ин муддат яманиҳо муваффақ шуданд ба тадреҷ ҳам ба силоҳи мушакӣ ва ҳам ба силоҳи паҳподӣ муҷаҳҳаз шаванд.

Риёз бо иштибоҳи муҳосиботӣ, худро дар Яман гирифтор кард ва акнун ҳам бо коршиканӣ дар барқарории оташбас муртакиби хатоҳои бузургтаре мешавад ва бо исрор бар идомаи ҷанг дар ботлоқе фурӯ меравад, ки берун омадан аз ан мумкин нест.

Дар чунин вазъияте барқарории оташбаси пойдор метавонад муқаддимае барои оғози раванди сиёсии ҳаллу фасли буҳрони Яман ва фурсате барои берун омадани Арабистон аз доираи ҷангу хунрезӣ бошад.

342/