19 Апрел 2020 - 14:09
Вазорати беҳдошти Эрон : SWIFT-и хариди абзори ташхиси корона ба баҳонаи таҳрим бекор шуд

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, ки муомилоти пулӣ бар асоси сохтори « SWIFT » (ҷомеаи ҷаҳонии иртибототи молии байнибонкӣ) барои хариди кейт(абзор)ҳои ташхиси корона ба баҳонаи таҳрим аз тарафи бонки Кореяи ҷанубӣ бекор шудааст.

(ABNA24.com) Ба гузориши Садои Хуросон , Киёнуши Ҷаҳонпур афзуд: Лағви SWIFT-и хариди абзори ташхиси корона аз тарафи бонки кореяӣ нишон медиҳад, ки иддаоҳои мақомоти Амрико дар бораи инки таҳримҳои Эрон шомили колоҳои доруӣ ва пизишкӣ намешавад, дурӯғ аст

Ҷаҳонпур гуфт: Бонки Кореяи ҷанубӣ ба таври расмӣ навишта, ки ин харид ба далели қонунҳои таҳрим имконпазир нест.

Дар ҳафтаҳои ахир ба думболи густариши вируси корона дар кишварҳои ҷаҳон ва Эрон, шумори зиёде аз мақомоти кишварҳои мухталиф аз ҷумла Туркия, Русия, Покистон ва Чин хостори бекорсозии таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон шудаанд.

Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили маҳсулоти асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад боиси эҷоди мушкилоти фаровон барои мардуми Эрон ба вежа беморони коронаӣ шудааст.

Бо ин ҳол Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа таъкид кард,ки бо лағви таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон мухолиф аст.

342/