(ABNA24.com)Ироқ аз якуми октябр шоҳиди тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ буд. Ин тазоҳурот, ки решаи маишатӣ ва иҷтимоӣ дошт, бо мудохилаи хориҷӣ ва хиёнати ҷараёнҳои душман ва инҳирофи дохилӣ, ба хушунатҳои хиёбонӣ табдил шуд. Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири вақт дар вокуниш ба хушунатҳои хиёбонӣ аз симати худ истеъфо дод ва аз якуми декабр то кунун ба унвони нахуствазир пешбурди умур ба фаъолияти худ идома дод. Пас аз фарозу нишеби фаровон ва эъломи номҳои зиёд барои нахуствазирии Ироқ, ниҳоятан Барҳам Солеҳ якуми феврали 2020 Муҳаммад Тавфиқ Алловиро ба унвони нахуствазири ҷадид мукаллаф ба ташкили кобинаи ҷадид кард. Алловӣ дар фурсати якмоҳа муваффақ ба ташкили кобинаи ҷадид нашуд ва истеъфои худро тақдими Барҳам Солеҳ кард.
3 Март 2020 - 12:56
News ID: 1014547
Муҳаммад Тавфиқ Алловӣ, нахуствазири мукаллафи Ироқ дар охирин соъоти мӯҳлати қонунӣ барои ташкили кобина, истеъфои худро тақдими Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури ин кишвар кард.