(ABNA24.com)Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон аз мушорикати 24 миллиону 512 ҳазору 404 нафар дар интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ хабар дод.
Раҳмонии Фазлӣ гуфт, аз ин рақам 48 дарсад зан ва 52 дарсад мард буданд.
Ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи ҷумъа 21 феврал дар 208 ҳавзаи интихобияи саросари Эрон ва аввалин миёндавраии панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ дар панҷ ҳавзаи интихобия баргузор шуд.