9 Январ 2020 - 07:20
Зариф: Эрон мунтабиқ бо банди 51 маншури Милали Муттаҳид аз худ дифоъ кард

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба интиқоми сахти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз террористҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Айнуласад дар Ироқ таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон мунтабиқ бо банди 51 маншури Милали Муттаҳид аз худ дифоъ кард.

(ABNA24.com) Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба интиқоми сахти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз террористҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Айнуласад дар Ироқ таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон мунтабиқ бо банди 51 маншури Милали Муттаҳид аз худ дифоъ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Twitter навишт: Ҷумҳурии исломии Эрон иқдомоти мутаносибе дар дифоъ аз худ анҷом дод ва пойгоҳеро ҳадаф қарор дод, ки ҳамлаи буздилона алайҳи шаҳрвандон ва мақомҳои аршади эронӣ аз он ҷо сурат гирифт.

Зариф таъкид кард: Эрон ба дунболи ташдиди таниш ё ҷанг нест, аммо аз худаш дар баробари ҳар таҳоҷуме дифоъ мекунад.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди имрӯз (чоршанбе) бо шиллики даҳҳо фарванд мушак ба самти пойгоҳи Айнуласади Амрико дар устони Аланбори Ироқ, ба иқдоми ҷинояткорона ва террористии нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ посухи қотеъ дод.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз ин ҷинояти Амрико, дар паёме, зимни таслияти шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ таъкид карданд: Интиқоми сахте дар интизори ҷинояткороне аст, ки дасти палиди худро ба хуни ӯ ва дигар шуҳадои ин ҳодиса олуданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пештар низ бо баёни ин, ки Амрико бояд аз минтақаи ғарби Осиё хориҷ шавад, таъкид карданд: Даврони "Бизан, дар рав!" тамом шудааст.




/129