AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Pars Today
Шанбе

21 Декабр 2019

06:53:44
995277

Рӯҳонӣ: Натиҷаи таҳрими Амрико зидди Эрон суде барои ҳеҷ кас надорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, равиши ғайриқонунии Амрико дар хуруҷи ғайримутааҳҳидона аз тавофуқи БарҶом на барои Амрико ва на ҳеҷ кадом аз тарафҳои БарҶом суде надошт ва собит кард, ки таҳрим сарнавиште ҷуз бохт - бохт барои ҳеҷ кас надорад.

(ABNA24.com) Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, равиши ғайриқонунии Амрико дар хуруҷи ғайримутааҳҳидона аз тавофуқи БарҶом на барои Амрико ва на ҳеҷ кадом аз тарафҳои БарҶом суде надошт ва собит кард, ки таҳрим сарнавиште ҷуз бохт - бохт барои ҳеҷ кас надорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба даъвати расмии нахуствазири Ҷопон ба ин кишвар сафар кардааст, рӯзи ҷумъа дар музокироти муштарак бо Обе Шинзо, бо баёни ин ки ҳамаи кишварҳо бояд ба Қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бошанд, гуфт, таҳримҳои Амрико зидди Эрон навъе терроризми иқтисодӣ талаққӣ мешавад ва кишварҳое, ки дар роҳи муқобила бо терроризм фаъолият мекунанд, бояд бо ин иқдом муқобила кунанд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Эрон ҳамаи талоши худро барои ҳифзи БарҶом дар чорчӯби таъмини манофеи худ анҷом дода ва хоҳад дод ва аз тарафҳои дигар дар БарҶом низ мехоҳад ба тааҳҳудоти худашон амал кунанд, афзуд, коҳиши марҳала ба марҳалаи тааҳҳудоти барҷомӣ аз сӯи Эрон баъд аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқ ва кӯтоҳии аврупоиҳо аз амал ба тааҳҳудоташон дар чорчӯби мавзӯи БарҶом будааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Теҳрон ҳамвора барои барқарории сулҳу оромиш дар минтақа ва ҷаҳон бо кумак ва ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳамсоягон талош карда ва дар ҳамин росто номаҳое низ барои сарони кишварҳои минтақа ирсол шудааст.

Обе Шинзо, нахуствазири Ҷопон низ бо ибрози хурсандӣ аз ҳузури раисҷумҳури Эрон дар он кишвар гуфт, равобити Эрон ва Ҷопон вориди навадумин соли худ шуда ва рафтуомади масъулони ду кишвар дар солҳои ахир муҷиби тақвияти беш аз пеши равобити Теҳрон ва Токио шудааст. Нахуствазири Ҷопон бо таъкид бар алоқамандии кишвараш бар густариши равобит бо Эрон дар ҳамаи арсаҳо афзуд, Токио мусаммам ба густариши ҳамкориҳо бо Теҳрон дар заминаҳои мухталиф аст.



/129