AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Ҷумъа

17 Ноябр 2023

19:47:59
1412516

Афзоиши нафрат аз Натанёҳу дар сарзаминҳои ишғолӣ

Натоиҷи назарсанҷиҳо нишон медиҳад, танаффур аз Бенёмин Натанёҳу дар миёни саҳюнистҳо ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст ва мизони маҳбубияти оппозитсияи режими саҳюнистӣ бештар шудааст.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, рӯзномаи саҳюнистии “Маорию” тайи як назарсанҷӣ эълом кард, ки теъдоди курсиҳои ҳизби Ликуд дар Кнессет ба раҳбарии Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ин режим ба 17 курсӣ расид. Ин дар ҳолест, ки курсиҳои ҳизби Бени Гантс, вазири ҷанги пешини режими саҳюнистӣ ба 42 курсӣ мерасад. Бар асоси ин назарсанҷӣ, аҳзоби эътилофи ҳоким аксарияти порлумонии худро аз даст додаву қудрати он ба беш аз 42 курсӣ намерасад. Ин дар ҳолест, ки оппозитсияи режими саҳюнистӣ маҳбубияти худро афзоиш дода ва акнун тайи ин назарсанҷӣ теъдоди курсиҳояш дар Кнессет аз маҷмуи 120 курсӣ ба 78 курсӣ расид. Дар ин назарсанҷӣ омадааст, ки 50 дарсад аз саҳюнистҳо Бени Гантсро барои мансаби нахуствазирӣ муносибтар медонанд ва 29 дарсад муътақиданд, ки Натанёҳу муносиби нахуствазирӣ аст. 13 дарсад гуфтаанд, ки Куҳан, раиси пешини Массад барои тасаддии мансаби раёсати ҳизби Ликуд аз Натанёҳу беҳтар аст. 12 дарсад низ муътақиданд, ки Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ бояд ба ҷои Натанёҳу раҳбарии ҳизби Ликудро бар уҳда бигирад.

342/