-
Генерал-майор Резаӣ: Тартиботи нави Осиёи Ғарбиро инкор накунед
Котиби Шӯрои олии амнияти миллӣ дар саҳифаи худ ба амрикоиҳо муроҷиат карда навишт: аз сохтани хабарҳои бардурӯғ дар бораи гуфтушунидҳои хаёлӣ даст кашед ва тартиботи нави Осиёи Ғарбиро инкор накунед.
-
Амир Ҷаҳоншоҳӣ: ба ҳар сатҳи таҳдид посухи фаврӣ, мустаҳкам ва пурқувват медиҳем
Фармондеҳи Нерӯҳои заминии артиш гуфт: нерӯҳои мо омодаанд ба ҳар сатҳи таҳдид посухи фаврӣ, мустаҳкам, пурқувват ва шадидтар аз пеш диҳанд.
-
Кӯшиши Исроил барои гирифтор кардани Амрико дар ботлоқи ҷанги бепоёни Эрон
Раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ бо нашри пост навишт: исроилиҳо мехоҳанд Амрикоро дар ботлоқи ҷанги бепоён бо Эрон гирифтор кунанд, ки ҳеҷ раисҷумҳуре қудрати баромадан аз онро надошта бошад.
-
Бақоӣ: хориҷ кардани маводи ғанишуда аз Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ дар рӯзнома нест
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт: интиқоли маводи ҳастаии ғанишуда ба хориҷи кишвар дар рӯзномаи Теҳрон қарор надорад.
-
Сафири Ироқ: сафари Зайдӣ ба Теҳрон барои коҳиши таниш дар минтақа аст
Сафири Ироқ дар Эрон бо ишора ба сафари махфии ахири нахуствазири ин кишвар ба Эрон ба ҳадафҳои он пардохт.
-
Кубо: ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар баробари ҷиноятҳои Исроил биистад
Вазири корҳои хориҷии Кубо аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки дар баробари идомаи ҷиноятҳои режими сионистӣ алайҳи Нвори Ғазза биистад.
-
Ҳегсет: Эрон набояд ба бомбаи атомӣ дастрасӣ пайдо кунад; ман аз истизоҳ наметарсам!
Вазири ҷанги Амрико, бидуни ишора ба моҳияти сулҳомези барномаи ҳастаии Теҳрон ба манзури фирор аз фишорҳои густарда дар бораи истизоҳи худ, иддао кард: Эрон набояд ба бомбаи атомӣ дастрасӣ пайдо кунад!
-
Беларус: Ғарб ошкоро барои ҷанг омода мешавад
Котиби Шӯрои амнияти Беларус гуфт, ки мақомоти ғарбӣ ошкоро дар бораи омодагӣ ба ҷанг сухан мегӯянд ва ҳамзамон абзорҳои фишори омехтаро бо ҳадафи дахолат дар умури дохилӣ ва заиф кардани ҳокимияти кишварҳои мустақил густариш медиҳанд.
-
Нависандаи ирландӣ: насли нави Ғарб аз Фаластин ҳимоят мекунад
Нависандаи ирландӣ бо таъкид бар қудрати расонаҳои рақамӣ эълом кард, ки наслҳои ҷавони Ғарб дигар омода нестанд ривоятҳои расмии ҳукуматҳоро дар бораи ҷиноятҳо дар Ғазза бипазиранд.
-
Мо равиши дугонаи Гроссӣ дар маҳкумияти ҳамла ба таъсисоти ҳастаиро маҳкум мекунем
Ҳайати намояндагии Эрон дар Вена дар баёнияе равиши дугонаи директори кулли Ожанси байналмилалии энергияи атомӣ дар маҳкумияти ҳамла ба таъсисоти ҳастаиро маҳкум кард.